Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иди байналмилалии «Асои сафед» дар Академияи ВКД

376

Бо ибтикори Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар толори ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иди байналмилалии «Асои сафед» ба ифтихори Рӯзи нобиноён баргузор гардид.
Бо даъвати ВКД, дар ин рӯз ҳунарманди ҷавон ва хушовоз, хатмкардаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон Иброҳими Исмоилзод бо барномаи рангини консертӣ дар байни омӯзгорону курсантон баромад намуд. Пеш аз оғози консерт Иброҳими Исмоилзод минатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милисия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати дастгирии ин қишри ҷомеа баён дошт.

670

Дар ин барномаи ҳунарӣ, Иброҳими Исмоилзод аз эҷодиёти шоирони ширинкалом Гулназар Келдӣ, Хайрандеш бар оҳангҳои Субҳони Саид, Диловари Зуҳуриён, Дилшод Гулов, Маҳмадулло Суннатзод сурудҳои нави худро пешкаши бинандагон гардонид. Мавзӯи сурудаҳои Иброҳим аз меҳру дӯстӣ, тараннуми зебоиҳои кишвар ва ишқу муҳаббат иборат буданд. Ҳозирин бо кафкӯбиҳо таронаҳои дилнишини ин сарояндаи хушовозро истиқбол намуданд.
Дар интиҳои барномаи консертӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинӣ, Иброҳими Исмоилзод миннатдории хешро ба Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академияи ВКД иброз дошт. Дар навбати худ сардори Академияи ВКД Ф. Шарифзода изҳор дошт, ки баргузории ҳар гуна консерту маҳфилҳои фарҳангӣ ҷузъе аз ҳаёти ин муассисаи таҳсилоти касбӣ буда, дар доираи ин гуна чорабиниҳо ҳама гуна иду санаҳои ҷашнӣ қайд карда мешаванд. Сипас, аз номи Вазири корҳои дохилӣ ба Иброҳими Исмоилзод туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ сарояндаи ҷавон Иброҳими Исмоилзод бо шароити илмомӯзӣ дар Академияи ВКД шинос гардида, аз студияи сабти овози ин муассисаи таҳсилоти касбӣ дидан намуд. Тавре ӯ иброз намуд, ҳамеша омодааст бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Академия он дар ҷодаи санъат ҳамкориҳо намояд.

Б. Асламов,
С. Сафарова,
Ш. Убайдуллоев

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...