Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вусъат ёфтани корҳои ободонию созандагӣ дар факултети №4 Академияи ВКД

374

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид кардаанд: «Ҳамасола сохтмону азнавсозии даҳҳо иншооти таълимӣ, таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти муосири хониш, татбиқи мақсадноки Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина таъмин намудани дастрасии ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба шабакаи ҷаҳонии интернет аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мусоидат менамоянд».
Ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон ба тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи тавонбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Имрӯзҳо дар қаламрави кишварамон баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта истодааст.

375

 

Аз ин лиҳоз, бо мақсади хубу хотирмон истиқбол гирифтани ин санаи фархунда ва бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ ба маром идома дорад.

Нафароне, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ доранд, ҳамеша дар пайи ободиву шукуфоии ватананд ва пайваста саъй мекунанд гӯшаеро обод созанд. Маҳз, бо иқдоми роҳбарияти факултет аз нав гирду атрофи ҳудуди бинои дуюм, баландиаш 2 метр бо хишт деворбандӣ шуда истодааст. Боми бинои таълимӣ пурра аз таъмир баромада ба талаботи меъёрҳои замонавӣ ҷавобгӯ гардонида шуд.
Синфхонаҳои бинои 2-юми Факултети №4, ки ба таъмиру таҷдид ниёз дошт, аз нав таъмир карда шуда, шароити хуби таълимӣ барои курсантони курси якум муҳайё карда шуданд.
Раванди ободонию созандагӣ, таъмиру таҷдиди бино, кашидани хатҳои обу барқ ва тозагии муҳити атроф, ки вусъати тоза касб намудаанд, аз эҳсоси баланди ватандӯстии муаллимону шогирдони ин даргоҳи илму маърифат дарак медиҳанд.
Имрӯз шукр мекунем, ки бо иқдомҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як Ватани тинҷу обод дорем, ки мардумонаш серу пур ва осудаҳолона зиндагӣ доранд.
Бигузор ҷавонони мо бо масъулияти баланд ба Ватан, миллат ва давлати хеш содиқона хизмат намоянд.
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...