Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии академиявӣ дар мавзӯи «Идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: масоили назария ва амалия»

83

Рӯзи 17 октябри соли 2018 дар факултети №1-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети мазкур конференсияи илмӣ-амалии академиявӣ дар мавзӯи «Идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: масоили назария ва амалия» бо иштироки роҳбарият, ҳайати профессорон ва шунавандагон баргузор гардид. 
Конференсияи илмӣ-амалии академиявӣ аз ҷониби муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. ифтитоҳ гардид.
Дар конференсияи илмӣ-амалии академиявӣ бо маърӯза Имомёрбеков Атобек - сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, н.и.т., генерал-майори милитсия дар мавзӯи «Асосҳои назариявии сотсиологияи идоракунӣ», Нозиров Нақиб Алиевич - сардори факултети №1, н.и.ҳ., полковники милитсия дар мавзӯи «Хусусияти идоракунии мақомоти тафтишоти ҷиноятҳо», Сафаров Ҳаёт Сайдамирович - сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2, н.и.ҳ., подполковники милитсия дар мавзӯи «Асосҳои назариявии фаъолияти зиддитеррористии мақомоти корҳои дохилӣ», Алимардонов Манучеҳр Усмонович - сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, н.и.т., майори милитсия дар мавзӯи «Проблемаҳои танзими ҳуқуқии идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» баромад намуданд.

661662

Дар анҷом иштирокчиёни конференсияи илмӣ-амалии академиявӣ дар мавзӯи «Идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: масоили назария ва амалия» ба хулоса омаданд, ки механизми идоракунии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сайқал ва такмил зарурият дорад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади боз ҳам мукаммал гардонидани идоракунии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷодаи ислоҳоти ҳуқуқӣ, конференсия зарур шуморид, ки баромад ва пешниҳоди ҳамаи маърӯзачиён ва иштироккунандагони конференсия ба инобат гирифта шуда, баромадҳои иштирокчиёни конференсия дар маҷмӯаи «Осори илмии Академияи ВКД» ба табъ расонида шаванд.
Нозиров Н.А., сардори факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...