Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми шунавандагони курси такмили ихтисос

373

Аз 17-уми сентябр то 17-уми октябри соли 2018, дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандон-нозирони минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ ба курси такмили ихтисос ҷалб гардиданд.
Ҳайати профессорон ва омӯзгорони Академияи ВКД кӯшиш намудаанд, ки дар ин муддат баҳри сайқал додани савияи дониши назариявӣ ва амалии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми худро гузоранд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. барои гузаронидани дарсҳо дар ин самт мутахассисони ботаҷрибаи соҳа даъват карда шуданд.
Санаи 17 октябр бо иштироки муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. маросими тантанавии супоридани сертификатҳо ба шунавандагони курси такмили ихтисос баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Саидзода З.А. шунавандагонро ба ин муносибат табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар кори амалӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Ҳалимзода Д.Д.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...