Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории он-лайн конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи амнияти пенитенсиарии Россия ва давлатҳои хориҷӣ

371

Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа, мувофиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Донишкадаи ҳуқуқии Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Россия дар ш.Самара ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъватномаи расмӣ, санаи 11 октябри соли 2018 мутахассисони Академияи ВКД дар он-лайн конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Амнияти пенитенсиарӣ: анъанаҳои миллӣ ва таҷрибаи хориҷӣ» (Пеницентарная безопасность: национальные традиции и зарубежный опыт), ки дар ш.Самара баргузор гардид, иштирок намуданд.
Конференсияи мазкур бо истифода аз барномаи «TrueConf» баргузор гардид. дар кори конференсия мутахассисони системаи пенитенсиарии Федератсияи Россия (Москва, Владимир, Псков, Пенза, Саратов, Томск ва диг.), инчунин мутахассисон аз Ҷумҳурии Беларус ва Қазоқистон ширкат варзиданд.
Мақсади баргузории конференсияи мазкур - ин васеъ намудани алоқаҳои илмӣ, инчунин, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон бо роҳи аз худ намудани дастовардҳои пешқадами илмию техникӣ ва малакаи таҷрибавӣ ба ҳисоб меравад.

372

Мувофиқи барномаи конференсия бо суханҳои ифтитоҳӣ сардори Донишкадаи ҳуқуқии Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Россия дар ш.Самара, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники хизмати дохилӣ Вотинов А.А., муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Яскевич А.В., сардори факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон , номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Нозиров Н.А., дотсенти кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Ш.Қабилбоеви ш.Костонай, полковники милитсия Бойко А.А. баромад намуданд.
Дар кори конференсия мутахассисони соҳаи системаи иҷрои ҷазои барҷастаи Россия ба монанди доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Гирько С.И., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Расторопов С.В., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Кузмин С.И., доктори илмҳои психология, дотсент Лисецкий К.С., доктори илмҳои тиббӣ, профессор Пономарев С.Б. ва дигар мутахассисон иштирок ва баромад намуданд.
Дар конференсия дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2, котиби Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Абдурашидзода А.А. бо маърӯза дар мавзӯи «Масъалаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир» (Проблемы уголовно-исполнительной системы Таджикистана на современном этапе) баромад намуд.
Каримова Л.М.
Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...