Шиносоии шунавандагони Академия ВКД аз навгониҳои пойтахт
Рӯзи 6-уми октябр баъд аз фориғ шудан аз дарсҳои нақшавӣ шунавандагони соли чоруми Факултети 3 Академияи ВКД аз боғи тозабунёди ба номи Низомиддин Алишер Навоӣ, воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе дидан намуданд. Иқдоми мазкур ташаббуси роҳбарияти Академия аст, ки шунавандагони аз минтақаҳои гуногуни кишвар сарҷамъгардидаро ба навгониҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе шинос менамояд.
Ин гуна машғулиятҳои саёҳатиро масъулин мунтазам ташкил мекунанд, ки ҳадафи он таъсир расонидан ба ҷаҳонбинии маънавӣ-фарҳангии шунавандагон мебошад.
Боғи мазкур бо дарахту буттаҳо, гулҳои рангоранг, нишастгоҳҳои замонавӣ, майдончаи дилхушии кӯдакона, чароғонкунии манзаравӣ ва ҳайкалҳои хусусияти тарбиявидошта хело назаррабо ороиш дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки боғи истироҳатӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бо амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номи Низомиддин Алишер Навоӣ номгузорӣ ва азнавсозӣ шуда, бо иштироки сарони давлатҳои дӯсту ҳамсоя Тоҷикистону Ӯзбекистон 27-уми сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Муҷассамаи мутафаккирони маъруф Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дар қисмати марказии боғ ҷойгир буда, ҳамчун ифодагари дӯстии тоҷику ӯзбек маъниофарона пояндагӣ ва бардавомии дӯстии байни ду миллатро таҷассум намудааст.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар ин саёҳати дастаҷамъона шунавандагони соли чоруми Факултети 3 Академияи ВКД, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиву қудратӣ фаъолияти хизматӣ мебаранд, иштирок доштанд. Саёҳаткунандагон бо дидани манзараҳои сабзу хуррам, ороишоти зебо ва навгониҳои боғи истироҳатӣ, таассуроти маънавӣ гирифтанд.
Саёҳат дар боғи тозабунёд аз он ҷиҳат хушоянд буд, ки барои сокинону меҳмонони пойтахт боз як шароити арзандаи фароғатӣ фароҳам гардидаву Тоҷикистонро ҳамчун мулки обод, амну осоишта муаррифӣ хоҳад кард.
Акбар Шарифов
шунавандаи соли чоруми
Факултети 3 Академияи ВКД