Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи Забони давлатӣ» дар факултети №4 Академияи ВКД

370

Аз рӯи нақша чорабиниҳои факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, санаи 5-уми октябри соли 2018, дар маҷлисгоҳи факултети мазкур бо ҳайати устодон ва курсантони факултет мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва гузаронида шуд.
Чорабиниро муовини сардори факултет, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С. оғоз бахшида қайд намуд, ки мо бояд забони тоҷикиро эҳтиёт намуда, ҳисси худшиносиву ифтихори миллиро дар рӯҳу вуҷудамон ҳар чӣ беҳтар парвариш диҳем ва дар хусуси зарурияти ба забони давлатӣ табдил додани забони тоҷикӣ сухан ронда, меҳмонони маҳфил Қӯрғонов Зоҳидҷон – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров ва Ӯзбеков Салоҳиддин – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи Академик Бобоҷон Ғафуровро хайра мақдам гуфт.
Дар чорабинӣ меҳмонони даъватшуда доир ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони нобу пуриқтидор, ки дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат дорад ва осори ниёгони мо аз ҷониби аҳли илму фарҳанги хориҷи кишвар эътироф ва пазируфта шудааст суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ин забон ба ҳамаи имтиҳону санчишҳои сахттарини рӯзгор тоб овардааст.
Тохтусозҳои фоҷиабори Искандари Мақдунӣ, харобкориҳои арабҳо, кушторҳои муғулҳо, сӯхторҳои Темури Ланг ва амсоли инҳо забонро аз байн бурда натавонистанд.

379380

Ҳамчунин дар чорабинӣ аз тарафи устодони факултет ва меҳмонон як маҳфили шеъру тарона баргузор гардида, слайдҳо намоиш дода шуд.
Дар хотима муовини сардори факултет, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С. чорабиниро ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон аз номи роҳбарияти факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Хокироев А.Ю., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...