Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Академияи ВКД
Дар толори Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташабуси Шӯрои ҷавонон, Шӯрои роҳнамоёни Академияи ВКД, гурӯҳи «Авангард» ва Ҷамъияти илмии курсантони факултетҳои №2 ва №5 бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳар сол ботантана дар ҷумҳурӣ қайд мегардад, мизи мудаввар дар мавзӯи «Забон - рукни муҳими давлатдории миллӣ» гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввар Қодиров Ф. - роҳбари гурӯҳи «Авангард», Нуруллозода М. - сардори кафедраи факултети №5, Мардонов С. - раиси Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД, Ҳабибов Ҳ. - курсанти курси 4 факултети№5, Абдуллоева Д. - курсанти курси 3 факултети №2, Бойматов Ф. - курсанти курси 4 факултети №2, Раҷабалиён Х. - курсанти курси 5 факултети №2, Нарзиқулов Ш. - курсанти курси 3 факултети №2 бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда, муҳим будани қабули Қонуни забон, нақши забон дар таҳкими Истиқлолият, Пешвои миллат - ташаббускори инкишофи забони давлатӣ ва чандин масоили илмиро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар шеърҳо дар васфи забон, Ватан, Истиқлолият, Пешвои миллат ва дигар ифтихороти миллӣ садо дод.
Мизи мудавар бо саволу ҷавоб ва мубоҳиса ба анҷом расид.
Мардонов С., Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.