Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забон дар Академияи ВКД
Рӯзи 28-уми сентябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД бо ташаббуси кафедраи Забонҳои факултети №2, ки роҳбарии онро номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Давлатшоева Азиза ба уҳда дорад бо даъвати олимону адибони шинохтаи тоҷик конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи забон, ки ҳамасола 5-уми октябр дар саросари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, зери унвони «Забон - омили ваҳдати миллати тоҷик» баргузор гардид.
Кори конференсияро муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ҳамагонро ба истиқболи Рӯзи забон табрику таҳният гуфт. Саидзода З.А. аз ҷумла иброз намуд, ки таҳти сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ - ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ рушду нумӯъ карда, мақеи хоса пайдо намуд.
Сипас узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири халқӣ Зулфия Атоӣ дар мавзӯи «Ҳар кас, ки бо забони худ сухандон гардад…» маърӯза намуда, марҳилаҳои инкишофи забонро аз замони Шӯравӣ то замони Истиқлолият таҳлил намуд. Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ, Сахидо Раҳматуллозода, узви вобастаи Академияи илмҳо дар мавзӯи «Тадбирҳои давлатӣ оид ба забони тоҷикӣ» маърӯза намуда, санадҳои муҳими давлатиро оид ба густариши забон ироа намуд.
Доктори илмҳои филологӣ, корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Назарзода Сайфиддин дар мавзӯи «Андешаҳои Пешвои миллат дар бораи забони тоҷикӣ» маърӯзаи муфассал намуда, ба суоли курсантон дар бораи заминаҳои инкишофи забони тоҷикӣ маълумоти пурра дод.
Дар фарҷоми кори конференсия аз ҷониби аъзоёни фаъоли «Ҷамъияти илмии курсантони кафедраи забонҳо» дар васфи Забон, Ватан, Истиқлолият, Пешвои миллат аз ашъори шоирони тоҷик шеърҳо қироат гардид.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.