Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Самадова Миҷгона - курсанти курси 2-юми Академияи ВКД барандаи медали тиллоии бозиҳои байналмиллалӣ дар шаҳри Бухоро гардид

364

Сержанти хурди милитсия Самадова Миҷгона Абдусаломовна, курсанти курси 2-юми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намудан дар Академияи мазкур мудом ба варзиш машғул буда, шарафи варзишии ҷумҳуриро дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ баланд мебардорад.
Ӯ 4-карат чемпиони ҷаҳон оид ба намуди муҳорибаҳои тан ба тан дар бозиҳои шаҳрҳои Сочи ва Калугаи Федератсияи Россия, барандаи медали тиллоӣ дар бозиҳои Осиёгӣ дар шаҳри Ашқобод ба шумор меравад. Самадова Миҷгона Абдусаломовна - курсанти ҳалиму хоксор буда, мудом аз болои худ кор мекунад. Дӯстдоштатарин машғулияти ӯ ин азбар намудани дониш ва варзиш буда, қариб ки вақти холӣ надорад. Дар вақти фароғат ҳам чанд муддат ба тамошои телевизиони «Варзиш» машғул мегардад.

255

Кори варзишу тарбияро хело ҳам дӯст медорад. Орзу дорад, ки баъд аз хатми Академияи ВКД дар самти корҳои тарбиявӣ ва варзиш шуғл варзида, мактаби варзишии хешро созмон дода, ҷавондухтаронро аз Вазорати корҳои дохилӣ ба варзиш ҷалб намуда, ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омода намояд.
Дар турнири байналмилалӣ оид ба бокс дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 25-ум то 30-уми сентябри соли 2018 баргузор гардид, Самадова Миҷгона соҳиби ҷои аввал ва барандаи медали тилло гардид, ки ин фахри натанҳо Академия балки тамоми Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор меравад.
Роҳбарият ва кормандони Академияи ВКД Самадова Миҷгона Абдусаломовнаро бо ин дастоварди навбатии варзишӣ табрик гуфта, ба ӯ бурдбориҳо таманно доранд. 
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...