Курсҳои такмили ихтисос дар Академияи ВКД
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷрои саривақтии қарори ҷаласаи кории Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзали Рахмоналӣ ва инчунин аз ҷониби профессорону омӯзгорони ботаҷрибаи Академия ба шунавандагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои назариявию амалиявӣ гузаронида шуданд.
Шунавандагон бо таассуроти баланд мазмуни дарсҳои мазкурро қабул намуда, муҳтавои онро барои хониши мустақилона дар дафтарҳои хизматӣ сабт намуданд. Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ чунин курсҳои муҳим гузаронида шуда, ба шунавандагон имкон медиҳанд, ки донишу ихтисоси худро такмил диҳанд.
Дар хотимаи машғулияти дарсӣ муколамаи озод сурат гирифта, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар таърихи 28 сентябри соли равон баҳри тақвияти робитаи назария бо амалия дарси амалӣ бо истифодаи сагҳои хизматӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби намояндагони Хадамоти кинологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Қайд намудан зарур аст, ки шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ба тамошои бинои маъмурии нави Академияи ВКД сафарбар карда шуданд.
Ҳалимзода Д.Д., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.