Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забон донӣ –ҷаҳон донӣ

362

Бо мақсади таъмини саривақтии иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявӣ байни ҷавонони то синни 35-сола дар самти забонҳои хориҷӣ аз ҷумла: англисӣ, русӣ, немисӣ, фаронсавӣ, хитоӣ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Забономӯзӣ» баргузор гардид.
Давраи аввали озмун санаи 24-уми сентябри соли 2018 дар бинои маъмурии факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар озмун зиёда аз сад нафар довталабон аз саросари вилояти Суғд иштирок доштанд. Ҳайати довталабонро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи ғайридавлатӣ ва олии вилоят ташкил медоданд.
Аз ҷумла, дар байни довталабон 18 нафар курсантони Факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар бахши забони англисӣ ҷои аввалро курсанти бахши 2, гурӯҳи таълимии 204, сержанти хурди милитсия Назаров Бахтовар Қудратуллоевич ва дар бахши забони русӣ курсанти бахши 5, гурӯҳи таълимии 504, сержанти хурди милитсия Ӯрунова Нилуфар Иномовна ишғол карданд.

361
Ҳамчунин дар доираи озмуни мазкур, дар байни курсантони факултет озмуни факултавии забономӯзӣ гузаронида шуд ва курсантони зерин сазовори ҷойҳои намунавӣ гаштанд:
Бахши забони англисӣ:
1) Ҷои аввал – Назаров Бахтовар Қудратуллоевич, курсанти гурӯҳи таълимии 204, сержанти хурди милитсия;
2) Ҷои дуюм – Давлатзода Мурод Хайруллоевич; курсанти гурӯҳи таълимии 402, милитсияи қаторӣ;
3) Ҷои сеюм – Давлатова Ҷонона Наимовна - курсанти гурӯҳи таълимии 204, милитсияи қаторӣ ва Азимов Шоҳтолиб Фирдавсович-курсанти гурӯҳи таълимии 402, милитсияи қаторӣ.
Бахши забони русӣ:
1) Ҷои аввал - Ӯрунова Нилуфар Иномовна – курсанти гурӯҳи таълимии 504, сержанти хурди милитсия;
2) Ҷои дуюм – Ачилов Алишер Рақибҷонович – курсанти гурӯҳи таълимии 301, милитсияи қаторӣ;
3) Ҷои сеюм – Шукурзода Муҳаммад - курсанти гурӯҳи таълимии 201, милитсияи қаторӣ ва Қудратов Ҳоҷибек Мӯъминович – курсанти гурӯҳи таълимии 205, милитсияи қаторӣ.
Санаи 28-уми сентябри соли 2018 дар бинои Раёсати корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо иштироки сардори раёсати мазкур, генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо маҷлиси тантанавии ҷоизасупорӣ баргузор гардид. Дар рафти ин маҷлис ғолибони озмун Назаров Бахтовар Қудратуллоевич, Ӯрунова Нилуфар Иномовна ва омӯзгорон, муаллимаи забони англисӣ, майори милитсия Собирова Мухбирахон Аҳмадовна ва муаллимаи забони русӣ, подполковники милитсия Юнусова Масъудаҷон Темировна бо Сипоснома, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Собирова М.А., Муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4-и Академияи ВКД, майори милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...