Курсантон Савганди садоқат ба Ватан ёд карданд
Дар маросими тантанавие, ки рӯзи 24-уми сентябр дар қисми низомии 6592-и Қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид, он курсантоне, ки дар соли хониши 2018-2019 ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дохил шудаанд, Савганди садоқат ба Ватан ёд карданд.
Тавре дар ин чорабинии хотирмон, ки бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони Академия ва волидони курсантон доир гардид, зикр карда шуд, маросими мазкур дар фазое мегузарад, ки аҳли ҷомеа аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ рӯҳбаланд гашта, баҳри бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд заҳмат кашида истодаанд.
- Шумо - ҷавонон, насли хушбахтед, ки дар фазои тинҷу ором ба таҳсилу хизмат машғул гардида, барои донишандӯзиатон имрӯзҳо тамоми шароитҳо муҳаё карда шудаанд. Бояд гуфт, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ беҳтарин нишони садоқат ба давлату миллат ва эҳтиром ба ин сарзамини куҳанбунёд ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо ҳазорон нафар ҷавонон бо мақсади иҷрои қарзи Ватан-Модар ин пешаи бошараф ва нангу номуси Ватандориро интихоб менамоянд, - изҳор намуд муовини Вазири корҳои дохилӣ М. Саидзода.
Дар идомаи суханронии худ мавсуф аз ҳодисаву воқеоти ахири ҷаҳони муосир ёдовар шуда, зикр намуд, ки «имрӯз мову шумо дар замоне кору зиндагӣ дорем, ки минтақаҳои гуногуни оламро хатари терроризму экстремизм фаро гирифтааст. Ин ҳолат аз ҳар яки мо, хусусан аз шумо - шогирдони азиз, тақозо менамояд, ки ҳамеша ҳушёру зирак буда, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ пайи иҷрои рисолати шаҳрвандиву хизматии худ бошед. Имрӯз хушбахтона бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар фазои сулҳу оромӣ ҳукмфармо буда, мардуми меҳнатқарини тоҷик баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ саъю кӯшиш намуда истодаанд».
Бо ёдоварӣ аз шароити муҳаёгашта дар Академияи ВКД, генерал-майори милитсия М.Саидзода таъкид намуд, ки масъалаҳои таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии ҷавонон ва мутобиқ ба замони муосир тайёр намудани кадрҳо дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ, махсусан Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қарор дорад. Ҳамин аст, ки роҳбари аввали ВКД бо ташрифҳои пайвастаи худ ба ин даргоҳи илму маърифат кӯшиш мекунад тамоми шароитҳоро барои илмомӯзиву кор дар он фароҳам оварад.
- Махсусан таъкид менамоям, ки шумо - курсантони азиз, аз ҳар лаҳзаи таҳсил дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ самаранок истифода бурда, тамоми фанҳои таълимиро аз худ намоед. Забонҳои хориҷиро аз бар намуда, кӯшиш кунед дар баробари забони модарии худ ҳадди ақал ду забони дигар - русӣ ва англисиро омӯзед, - афзуд номбурда.
Сардори Акалемияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар навбати худ изҳор дошт, ки «дар ҷавоб ба ҳама он дастгириву ғамхориҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбати Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва фароҳамсозии шароити кору хизмат ва таҳсил дар он анҷом дода шуда истодаанд, мо кӯшиш менамоем, ки кадрҳои ҷавобгӯ ба замони муосирро тайёр намуда, бо масъулияти баланд дар кори таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузорӣ намоем».
Баъди анҷом ёфтани қисмати Савгандёдкунии курсантони Академияи ВКД, чанде дигар аз меҳмонон, аз ҷумла волидони курсантони курси 1-ум дар муроҷиат ба ҷавонони савгандёдкарда зикр намуданд, ки «шумо аз зумраи ҷавонони хушбахт ҳастед, ки дар чунин фазои тантанавӣ Савганди садоқат ба Ватан ёд кардед. Кӯшиш кунед, ки ҷавобан ба он дастгириву ғамхориҳое, ки Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти ВКД ва Академияи он нисбати шумо зоҳир карда истодаанд, бо хониши аъло ва интизоми намунавӣ таҳсилро идома дода, дар оянда чун ҳомиёни тинҷиву амонии ҷомеа гардед».
Ҳамчунин, курсантони курси 1-ум бо изҳори сипосу миннатдорӣ ба давлату Ҳукумат ва Вазорати корҳои дохилӣ барои фароҳамсозии шароити арзандаи таҳсилу хизмат дар Академия, баромад намуда, аз номи ҳамсабақони худ ваъда доданд, ки ба Савганди ёднамудаи хеш то охир содиқ монда, бо хонишу дониши аъло ба халқу Ватан хизмат мекунанд.
Сипас, аз тарафи дастаи қаровули фахрии Академияи ВКД зери навои ватандӯстона намоиши дидание пешкаши меҳмонон гардонида шуд. Ҳамчунин, курсантони Академия низ машқ оид ба безараргардонии гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор ва озод намудани гаравгононро намоиш доданд.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба як қатор кормандону омӯзгорон ва курсантони Академияи ВКД медали ҷашнии «25-солагии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
Дар фарҷоми ин чорабинии хотирмон сарояндагони шинохта бо суруду таронаҳои ватандӯстона баромад намуда, ба меҳмонон ва курсантони савгандёдкарда рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд.
Умед ОЧИЛОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ