Викторинаи ҳуқуқӣ дар мавзӯи «Конститутсия – сарчашмаи асосии қонунҳо»
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии курсантон ва ҷоннок намудани маҳфили илмии «Давлатшинос» санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд викторинаи ҳуқуқӣ дар мавзӯи «Конститутсия – сарчашмаи асосии қонунҳо» баргузор гардид, ки дар он муовини сардори факултети №4 оид ба таълим ва илм, номзади илмҳои ҳуқуқ подполковнки милитсия Ғафуров М.С., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М. ва устодону курсантон иштирок намуданд.
Викторинаи мазкурро муовини сардори факултети мазкур Ғафуров М.С., ҳусни оғоз бахшида доир ба аҳамияти ин санади тақдирсоз суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони чорабиниро табрик кард.
Мавриди қайд аст, ки викторинаи ҳуқуқӣ дар мавзӯи «Конститутсия – сарчашмаи асосии қонунҳо» ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқии курсантон мусоидат намуда, ба онҳо ҷиҳати азхуд намудани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.