Савгандёдкунии курсантони Факултети 4-уми Академияи ВКД
Рӯзи 21-уми сентябри соли 2018 дар саҳни Факултети № 4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд маросими савгандёдкунии курсантони соли аввал баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода, муовини якуми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Музаффар Ализода, намояндагони донишкадаву донишгоҳҳои олии вилоят, собиқадорон, роҳбарият ва ҳайати устодону шунавандагони факултет, ҳамчунин волидайни курсантон, иштирок намуданд.
Сардори Факултети №4-и Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Пулод Насуриён баромад намуда, меҳмононро барои ташрифашон ба ин боргоҳи таълимӣ хайрамақдам гуфт. Сипас тамоми курсантони навдохилшуда, ки давоми чил рӯз ҷамъомади таълимӣ-саҳроиро гузаштаанд, дар фазои тантанавӣ матни Савгандро қироат намуданд.
Маросими савгандёдкунӣ дар МКД аз чорабиниҳои махсус маҳсуб ёфта, бо дастуру супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳангоми қабул шудан ба ҳайси корманди милитсия барои ҳар як номзад қабули ин ваъдаи тантанавӣ, яъне Савганд ба ҳукми анъана даромадааст. Чунин маросимҳо бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор карда мешаванд. Матни Савганди ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ 30 январи соли 1995 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №167 тасдиқ гардидааст.
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода курсантонро бо ин рӯзи фаромушнашаванда аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуда, оиди дастовардҳои илмӣ-таълимии Академия, аз ҷумла муваффақияти курсантону олимони факултети мазкур ҳарф зад. Мавсуф зимни суханрониаш зикр намуд, ки рафти таълиму тарбия ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин муассисаи олии Вазорати корҳои дохилӣ таҳти диққати махсуси Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти ВКД қарор дорад. Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои боҳашамати Академия бо пешрафтатарин шароити таълимӣ тасдиқи ин гуфтаҳост.
Дар чорабинӣ ҳамчунин муовини якуми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, полковники милитсия Музаффар Ализода суханронӣ намуда зикр дошт, ки имрӯзҳо ин муассисаи олии кишвар аз ӯҳдаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар баромада истодааст. Танҳо ба ҷавонони босавод, рӯҳану ҷисман обутобёфта, қавииродаву ватандӯст, ки ба санҷишу талаботҳои Низомномаи адои хизмат дар ВКД ҷавобгӯ ҳастанд, муяссар мешавад, ки ба ҳайси курсанти Академия пазируфта шаванд.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ намояндагон аз номи Шӯрои собиқадорони Факултет ва курсантони соли аввал суханронӣ намуданд.
Дар идомаи қисмати тантанавӣ якчанд нафар омӯзгорон ва курсантони соли аввал, ки давоми ҷамъомадҳои таълимӣ-саҳроӣ фаъолона иштирок намуданд бо туҳфаҳо ва Сипосномаҳои Академияи ВКД қадршиносӣ карда шуданд.
Дар қисмати дуввуми чорабинӣ аз ҷониби курсантони соли аввал машқҳои тактикӣ, аз ҷумла сафороии низомӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани яроқ, муҳорибаи тан ба тан, истифодаи воситаҳои махсус ва дигар усулҳои ҳарбӣ-низомӣ, ки онҳо дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ омӯхтаанд, намоиш дода шуд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия