Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми курсантони Академияи ВКД дар ободонию созандагӣ

354

Тибқи супориши роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 сентябри соли равон дар минтақаи замини Академияи ВКД, воқеъ дар кӯчаи Восеъ-123 назди бинои «Беморхонаи бемориҳои пӯст»-и шаҳри Душанбе аз ҷониби курсантони курси 2-юми факултети №6-и Академияи мазкур шанбегӣ гузаронида шуд.
Дар ин чорабинӣ сардори факултети №6, н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев Н.М., муовини сардори факултет подполковники милитсия Маҳмадализода Ш.А., кураторони гурӯҳҳои таълимии факултет подполковники милитсия Сатторов Ҳ.А. ва лейтенанти калони милитсия Муродов Ф.А. фаъолона иштирок намуданд.
Дар шанбегии мазкур курсантон гирду атрофи дарахту буттаҳо ва роҳу ҷӯйборҳоро аз хору алафҳои бегона тоза намуда, ба корҳои ободонию созандагӣ машғул гардиданд.

355

Мавриди қайд аст, ки чунин корҳои ободонию тозакунӣ ва зебо гардонидани гирду атрофи минтақаҳои маъмурию хизматӣ дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД пайваста ташкил ва гузаронида мешаванд.

Муродов Фарҳод

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...