Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои дастаҷамонаи мулоқотҳои Пешвои миллат дар ВМКБ аз ҷониби курсантони Академияи ВКД

353

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарияти Академияи ВКД, тамошои дастаҷамъонаи мулоқотҳои Пешвои миллат дар ВМКБ бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби курсантони курси якуми Академияи ВКД, ки таҳти роҳбарии муовини сардори Академия полковники милитсия Ҳалимзода А. ва сардори факултети №2 Акадеияи мазкур полковники милитсия Ализода А.Ш. дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ дар қисми ҳарбии 6592 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД қарор доранд, баргузор гардид.

Курсантон, ки қадамҳои нахустини худро дар сафҳои МКД мегузоранд, бо як мароми хосса аз ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати хизматчиёни ҳарбӣ рӯҳу илҳоми тоза бардошта, иқдом гирифтанд, ки ҷамъомади таълимӣ-саҳроиро дар сатҳи зарурӣ ва интизоми намунавӣ гузаронида, Савганди корманди милитсияро ботантана қабул намуда, сафҳои милитсияи тоҷик ва курсантони Академияро пурра гардонанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки чун анъана ҳар сол курсантони Академияи ВКД бо фармони Сардори Академия ба ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ тӯли як моҳ сафарбар шуда, таҳти сарпарастии омӯзгорони ботаҷриба дарсҳои Оинномаҳои Қувваҳои Муссалаҳ ва МКД, тайёрии сафороӣ, тайёрии оташфишонӣ, тайёрии тактикӣ, топография ва мудофиаи гражданиро аз худ намуда, барои хизмати шабонарӯзии милитсия омодагӣ мегиранд.

Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...