Таҷлили Истиқлолияти давлатӣ дар факултети 4-и Академияи ВКД
08.09.с.2018, ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати курсантону омӯзгорони факултети 4-и Академияи ВКД чорабинии тантанавӣ доир намуда, дар фазои идона санаи таърихии шиносномаи давлатро таҷлил карданд. Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами миллӣ ба суфраи низомӣ ва садои Суруди миллӣ оғоз гардид.
Дар чорабинӣ сардори факултет полковники милитсия Пӯлод Насуриён, намояндагони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, устодони муассисаҳои олии таълимии минтақа, собиқадорони Академия ва дигар шахсони ба чорабинӣ даъватгардида ба сухан баромада, аз хизматҳои шоён ва бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафъи халқи тоҷик, марҳилаҳои давлатсозӣ, шебу фарози даврони соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои Истиқлолият ба ҳозирин маълумот доданд.
Қайд гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ ормони чандинасраи халқи тоҷик аст, ки дар баробари соҳиб шудан ба он, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо намуд. Имкони воқеӣ фароҳам гардид, ки урфу одат ва анъанаҳои миллиро гиромӣ дошта, пояи давлати мустақили худро устувор гузорем.
Маърӯзачиён бо ифтихор саҳифаҳои таърихии 27-соли даврони соҳибистиқлолиро варақгардон намуда, курсантон-насли ҷавони милитсияро барои пос доштани муқаддасоти миллӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва худшиносию ватандустӣ ҳидоят намуданд.
Дар алоқамандӣ ба ин санаи таърихӣ бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ва роҳбарияти Академияи ВКД омӯзгорони факултети 4 бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардиданд.
Дар ин радиф бо фармони роҳбарияти факултет низ ба якчанд нафар курсантони фаъол Раҳматнома эълон карда шуд.
Гузашти низомии курсантону устодони боргоҳи таълимӣ идомабахши чорабинӣ гардида, дар қисмати хотимавӣ барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Дар умум, омӯзгорону шунавандагони факултети 4-и Академияи ВКД бо фараҳмандии зиёд ва муҳаббати беандоза ба сарзамини биҳиштосо Истиқлолияти давлатиро таҷлил намуданд.
Акбар Шарифов
капитани милитсия