Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсияи илми-амалӣ дар Академияи ВКД

341

Рӯзи 5-уми сентябри соли 2018 дар Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Истиқлолият - рамзи худшиносии миллат», бахшида ба ифтихори таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал – майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи тақдирсозу муқаддаси миллиамон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно намуд.

318

Бояд қайд кард, ки дар кори конференсия, олимону муҳаққикон ва шоирону нависандагони ҷумҳурӣ, аз ҷумлаи Ато Ҳамдам – нависанда, мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ибодзода Исматулло – нависанда, Директори маркази ташвиқу тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Дилафрӯз Қурбонӣ-мудири шуъбаи нашрияи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода А.Ш.- ассисенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон ширкат варзида, бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар суханронӣ ва баромадҳои мазкур қайд гардид, ки Истиқлолият, Ваҳдат аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша баҳри пойдорӣ ва бақои чунин неъматҳо кӯшиш ба харҷ додааст. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар чунин раванди ҷаҳонишавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, моро ҳарчи бештар зарурат пеш меояд, ки атрофи андешаҳои давлатсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирди ҳам омада, баҳри нигоҳдошти арзишҳои милливу давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. 
Сипас, қироати фармонҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба додани мукофот ва дигар намуди ҳавасмандгардониҳо ба ҳайати профессорону омӯзгорон ва умуман кормандони Академияи ВКД сурат гирифт.

319320

Ҳамзамон қайд намудан лозим аст, ки бо мақсади ҳарчи бештар амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, қадршиносии собиқадорони Академияи ВКД, инчунин курсантони ятим, ки ба таҳсил дар ин муассисаи таълимӣ фаро гирифта шудаанд, инчунин меҳмонони гиромиқадр, ки ба кори конференсия даъват гардидаанд аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, дотсент, генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шакли кумакҳои моддӣ расонида шуданд. 
Дар қисмати дуюми ҷамъомад, дастаи ҳунармандони Академияи ВКД, ки аксаран аз ҳисоби курсантону шунавандагон таъсис дода шудааст, хотири ҳозиринро бо шеъру таронаҳои дилписанд шод намуданд. 
Дар суханронии хотимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. и. ҳ., дотсент, генерал – майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бори дигар миннатдории хешро барои қадршиносии меҳмонон, собиқадорон ва умуман ҳайати кормандон ва омӯзгорони Академияи ВКД ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ расонида, қайд намуд, ки ҷавобан ба чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ - мо ҳайати профессорон ва омӯзгорони Академия кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кадрҳои содиқ ва ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеаро дар ин даргоҳи низому маърифат тарбият намоем. 
Дар анҷоми чорабинӣ ба меҳмонон ва собиқадорони Академия дастурхони идона ороста шуд.

Асламов Б.С. Убайдуллоев Ш.Э. Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...