Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Академияи ВКД Рӯзи дониш ва дарси сулҳ баргузор гардид

340

Дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки имрӯз – 1-уми сентябр дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, оид ба дастгириву зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати ҷавонон, таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи он ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои ба талаботи замон мутобиқ, фароҳам овардани шароити мусоиди донишандӯзиву забономӯзӣ барои шунавандагону курсантҳо ибрози назар карда шуд. 
Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки бо иштироки роҳбарияти ВКД, Созмони собиқадорони он, ҳайати омӯзгорону курсантони Академия баргузор гардид, ба масъалаҳои марбут ба сифати таълиму тарбия, таҳсили бонизом ва вобаста ба авзои минтақаву ҷаҳон дахл карда шуд.

189194

Тавре муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар ин маросим изҳор намуд, «мо, ки дар остонаи ҷашни таърихӣ барои миллатамон - 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, ба ин муносибат шумо - шунавандагону курсантони азиз, инчунин тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро бо ин санаи тақдирсоз самимона табрик менамоям. Умедворем, ки ҳамагон зери парчами созандагиву ободкориҳои диёр муттаҳид гардида, барои шукуфоӣ, рушду тараққиёт, сабзу хуррамгардонини сарзамини аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва пойдории давлату миллати куҳанбунёдамон камари ҳиммат баста, сӯйи фардои дурахшон қадамҳои устувор мениҳем».
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва ҳамчун соҳаи афзалиятнок муайян гардидани он гувоҳи он аст, ки ин соҳа ва муаллиму касби омӯзгорӣ чӣ қадар дар кишвари мо мақому мартабаи баландро соҳибанд.

190191192

«Академияи Вазорати корҳои дохилӣ зодаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, тавонистааст дар муддати на чандон тӯлонии фаъолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Хусусан, баъди аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар соли гузашта, сатҳи сифати таълиму тарбия ва илмомӯзӣ дар он хеле баланд гардид. Ҳамаи ин аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбари давлат нисбати ҷавонон, хусусан насли ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар ин радиф, роҳбарияти ВКД, махсусан Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба кори омодасозии мутахассисони ҷавони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва фаъолияти муназзаму бомароми ин мактаби касбӣ диққати ҳамаҷониба зоҳир намуда, пайваста ба ин макони маърифат ташриф меорад», - изҳор намуд А. Аламшозода.
Мавсуф дар суханронии пурмуҳтавояш ба масоили мубрами рӯз - забондонии шунавандагону курсантон ва умуман, кормандону омӯзгорони Академияи ВКД, аз илмҳои замон, хусусан аз техникаи компютериву интернет огоҳӣ доштани онҳо низ дахл намуда, зикр кард, ки талаботи имрӯзаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар аст, ки ҳар як хизматчии давлатӣ, хусусан онҳое, ки дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, бояд дар баробари донистани забони модарӣ, ҳамчунин бо забонҳои русиву англисӣ ҳам гуфтугӯ карда тавонанд.
Генерал-лейтенанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода дар охири суханрониаш ба масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан барои мақомоти корҳои дохилӣ дахл намуда, аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самти асосӣ ёдовар шуд.
«Масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯи талаботи имрӯзи бозори меҳнати ҷаҳонӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайваста барои тарбияи чунин кадрҳои ҷавону умедбахш кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бинобар ин ҳамаи мо, алалхусус шумо - шунавандагону курсантон ва омӯзгорону кормандони Академияро лозим аст, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос, ки ашхосу гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо ҳар роҳу восита мехоҳанд амнияти ҷомеаро халалдор намуда, зиндагии осудаи мардумро барҳам зананд, бо дилу нияти пок ва созанда камари ҳиммат баста, ба миллату давлат ва касбу савганди хеш содиқ бошем. Бо шароити сатҳи олие, ки давлату Ҳукумат барои фаъолияти хизмативу илмӣ ва донишандӯзӣ дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фароҳам овардаанд, аз шумо танҳо талаб карда мешавад, ки илмҳои замонро аз худ намуда, бо забондониву маърифатнокӣ ва донишмандӣ парчамбардори давлату миллати куҳанбунёдамон дар арсаи байналмилалӣ бошед», - афзуд номбурда.
Дар идомаи чорабинии бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм дар назди курсантону омӯзгорон ва кормандони Академия суханронӣ намуда, онҳоро барои боз ҳам баландтар бардоштани мақому мартабаи ин мақомоти бонуфуз дар ҷомеа даъват намуд.
«Танҳо бо ватандӯстӣ, рафтору кирдори намунавӣ, дониши баланд, забондониву муоширати воло бо шаҳрвандон, хусусан бо сайёҳону меҳмонони хориҷӣ, ки тавре маълум аст давоми соли равон, ки дар Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, ба кишвари мо зиёд ташриф меоранд, метавонем мақомоти корҳои дохилиро ҳамчун сохтори муҳофизи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон муаррифӣ намоем», - иброз намуд раиси Созмони собиқадорони ВКД.
Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар ҷавоб ба талаботи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ зикр кард, ки роҳбарият, ҳайати доимӣ ва шунавандагону курсантони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамеша ба савганди ёднамудаи хеш содиқ монда, минбаъд низ фаъолияти илмиву хизматиро баҳри босалоҳияти баланд иҷро намудани вазифаҳои худ равона месозанд. 
«Имрӯз таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ба Академия, ки ҳамчун муассисаи олии таълимӣ масъули тайёр намудани кадрҳои ҷавон ва болаёқати ин мақомот аст, хеле бузург мебошад. Далели ин гуфтаҳо ташрифҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Вазири корҳои дохилӣ ба ин таълимгоҳи касбӣ буда метавонад», - изҳор дошт ӯ.
Дар идомаи чорабинии идона бо Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар кормандону омӯзгорони Академия бо рутбаҳои навбатии полковникӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, собиқадорони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо мукофотпуливу туҳфаҳои хотиравӣ ва медали ҷашнии «25-солагии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф гардиданд. Туҳфаҳоро дар вазъияти тантанавӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ А. Аламшозода ба онҳо супорид.

193

Ҳамчунин, барои ҳамкориҳои пайваста бо Академияи ВКД, сардори ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ раиси Шӯрои падару модарони курсантони Академияи ВКД полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералиро бо «Ифтихорнома» сарфароз гардонид.
Баъди гузашти низомии шунавандагону курсантон ва кормандону омӯзгорони Академияи ВКД, барои собиқадорони соҳа ва меҳмонон дастархони идона ороста шуд.
Умед ОЧИЛОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ,
Обид САФАРОВ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...