Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таблиғи арзишҳои миллӣ миёни аҳолии кишвар

339

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, санаи 27-28-уми августи соли 2018 як гурӯҳ омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҳайати сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Одиназода А.Ш., сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД, н.и.ҳ., подполковники милитсия Сафаров Ҳ., омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майори милитсия Самиҳов Б.С., барои вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.
Ҳадаф аз вохӯрии мазкур пеш аз ҳама ба таври содда ва возеҳ шарҳ додани вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи имрӯза, масъалаҳои ҷалб гардидани баъзан шахсони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи худшиносӣ ва зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ дар замони муосир мебошад.

360

Вохӯрӣ ва суҳбатҳое, ки миёни аҳолии ноҳияи мазкур сурат гирифтанд бевосита бо иштироки роҳбарияти Ҳукумати ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ фаъолият доранд ва умуман фаъолони ҷамъиятӣ иштирок намуданд, ки албатта далел аз ҳамбастагӣ ва умедвории мардуми сарбаланди ноҳияи Ҳамадонӣ ба фардои дурахшони давлатдории миллӣ мебошад.
Дар баромадҳои хеш омӯзгорони Академияи ВКД қайд намуданд, ки яке аз омилҳои асосии истодагарӣ намудан дар муқобили ҳамагуна амалҳои номатлуб, ин пеш аз ҳама тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Чунки тамоми дастовардҳои милливу давлатӣ низ дар заминаи тарбияи насли имрӯзи миллат метавонанд дастёб гарданд. Инчунин зикр карда шуд, ки волидон, мактабу маориф, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва умуман насли куҳансол ва фаъоли ҷамъиятиро имрӯз лозим аст, ки баҳри тарбияи насли наврас ва ҷавони кишвар ҳарчи бештар сайъ намоянд ва атрофи андешаҳои миллатсоз ва давлатсози Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи бештар гирди ҳам омада, барои бақои давлатдории миллӣ хизмат намоем.

361

Дар анҷоми ҳама он суҳбату вохӯриҳое, ки миёни мардум баргузор гардиданд, роҳбарияти ноҳия ва иштирокчиёни фаъол низ сидқан миннатдории хешро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чунин суҳбату вохӯриҳои судманд бо мардуми ноҳия иброз намуданд.
Самиҳов Б.С., омӯзгори калони Академияи ВКД, майори милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...