Омодагӣ ба соли нави таҳсил дар Академияи ВКД
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2018-2019 ҷараён доранд. Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. санаи 23-юми августи соли 2018 бо ҳайати роҳбарикунандаи Академияи мазкур мулоқот намуда, аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таълиму тарбияи насли наврас ёдовар гашта, барои шароитҳои арзандаи таҳсил арзи сипос намуд.
Боиси тазаккур аст, ки як сол муқаддам ин Муассисаи олии таҳсилоти касбии ВКД бо ибтикори Пешвои миллат дар вазъи тантанавӣ кушода шуда, имрӯзҳо ҳазорон курсантону шунавандагонро дар 6 факулта бо тамоми имкониятҳои муосир ба таҳсил фаро гирифтааст.
Мунтазам аз вазъи таҳсил дар Академияи мазкур Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро огоҳ буда, бо ҳайати шахсии он мулоқот намуда, аз фанни Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дарс мегӯяд.
Дар мулоқоти сардори Академияи ВКД ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим, тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, риояи қонунияту интизом, истиқболи сазовори Иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ сухан рафта, аҳли роҳбарикунандаи Академия онро бо қаноатмандӣ аз рушди устувори кишварамон дар арафаи оғози соли таҳсил ва Иди Истиқлолияти давлатӣ қабул намуданд.
Асламов Б.С.