Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсанти Академияи ВКД сазовори ҷои аввал дар Озмуни “Мақолаи беҳтарин” гардид

338

Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро озмуни “Мақолаи беҳтарин” дар байни ҷавонони боистеъдод эълон карда шуд. Мақолаҳо фарогири мавзӯъҳои “ватандӯстӣ”, “ободии диёр”, “корҳои созандагию бунёдкорӣ”, “манзараҳои нотакрор”, “ҷойҳои таърихӣ”, “сайёҳӣ”, “табиати зебо”, “чашмаву кӯҳу дарёҳо”, “боғҳои навбунёд”, “расму анъанаҳо” ва “ҳунарҳои мардумӣ” буд.
Дар Озмун дар қатори донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар як гурӯҳ курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ низ иштирок намуданд. Ба курсанти курси 4-уми факултети №5-и Академияи ВКД, сержанти милитсия Ҳокимҷон Ҳабибов муяссар гардид, ки то дар ин озмун сазовори ҷои аввал гардад.
Аз ҷониби Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба Ҳокимҷон Ҳабибов ба хотири ишғоли ҷои аввал тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мавриди қайд аст, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои бадеӣ» идома дошта, он 1-уми октябри соли 2018 дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон ба пуррагӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои қимматнок сарфароз гардонида мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ, ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа» ва дигар рӯзномаю маҷаллаҳо дарҷ намоянд.
Ҳайдарзода ШОМУРОД, сардори факултети №5-и Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...