Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академия бо маҳсулоти худӣ таъмин мегардад

331

Кормандон ва устодони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дар маъракаи ғундоштани ҳосили картошка иштирок намуданд. Дар ин ҳашари дастаҷамъона сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва масъулину кормандони факултети №4-и ин таълимгоҳ бо дили гарму нияти нек саҳмгузорӣ намуданд.

344345

Бояд гуфт, бо дастгирии пайвастаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, хусусан Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ба масъалаи бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ва курсантону шунавандагони Академияи ВКД таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд, имсол кормандону устодони факултети №4-и ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳристон дар масоҳати 1 гектар кишт гузаронида, беш аз 15 тонна картошка ҷамъоварӣ карданд.
Ҳамаи маҳсулоти ҷамъовардаи картошка барои таъминоти курсантону шунавандагон бо хӯроки гарму серғизо равона карда мешавад.

У. Олим,
Ш. Убайдуллоев

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...