Шиносоии меҳмонони хориҷӣ аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи Нақшаи кории якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе, санаи 25 июли соли 2018 роҳбарони департаментҳои ҳамкорикунанда, ҳамчунин, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини якуми сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ., муовини сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Шарифзода М.С., сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ализода А.Ш. пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон бо бинои нави Академияи ВКД, аз ҷумла, синфхонаҳои махсуси факултети №6, ҳолатҳои фавқулоддаи факултети №5, техникаи махсус, китобхонаи электронии шуъбаи илм, тири электронӣ, Маркази матбуоти Академияи ВКД шиносоӣ пайдо намуданд.
Вохӯрӣ дар рӯҳияи баланди дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
Убайдуллоев Ш.Э.
Сафарзода О.