Боз дар қатори беҳтаринҳо
Бори дигар бахт ба рӯи варзишгардухтари маъруф ва курсанти факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ Миҷгона Самадова хандид.
Ин дафъа ӯ зимни иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки миёни занону духтарон дар шаҳри Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, дар вазни 57 кило ба гирифтани ҷойи якум, медали тилло ва дипломи дараҷаи аввал сарфароз гардонида шуд.
Тавре дар суҳбат бо мо худи Миҷгона гуфт, дар чорабинии сатҳи баланд, ки бо иштироки варзишгардухтарони 6 кишвар аз 16-ум то 21-уми июли соли 2018 гузаронида шуд, ин қаҳрамондухтари тоҷик аз болои ҳарифони худ ғалаба ба даст оварда, парчамбардори Ватан гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин пирӯзии Миҷгона набуда, ӯ қаблан дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ шарафи Тоҷикистони азизро борҳо баланд бардоштааст.
У. ОЛИМ,
Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ