Семинар-машғулият дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Рӯзҳои 16 то 18-уми июли соли 2018 дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо кормандони оперативии РВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД-ҳо дар минтақаи Кӯлоб семинар-машғулият дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуд.
Семинар-машғулияти номбурдаро омӯзгорони факултети №6-и Академияи ВКД, бо роҳбарии сардори факултети мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Самиев Н.М. доир намуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони оперативӣ дар самти ҳуҷҷатноккунии парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ, аз ҷумла, роҳҳои дурусти истифодабарии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои дахлдор, муаллими калони кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, полковники милитсия Сатторов Ҳ.А. баромад намуд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони оперативӣ ин дар фаъолияти рӯзмарраи худ дуруст ташкил кардани ҷустуҷӯи ҷинояткорон, шахсони беному нишон ғайбзада ва муайян намудани ҷасадҳои шахсияташон номаълум ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дотсенти кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ полковники милитсия Раҷабзода Н.Р. ва муовини сардори факултети №6 подполковники милитсия Маҳмадализода Ш.А. дар мавзӯи «Ташкил ва тактикаи муайян ва дастгир кардани шахсони дар ҷустуҷӯ қарор дошта, шахсони бедарак ғайбзада ва муайянкунии ҷасадҳои шинохтанашуда» баромад намуда, аз кормандони оперативӣ фикру дархостҳои онҳоро қабул намуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳими самти фаъолияти кормандони оперативӣ имрӯзҳо ин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ба ҳисоб меравад. Муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6, лейтенанти калони милитсия Вализода С.А. дар мавзӯи «Ҷанбаҳои фарҳангӣ-динии муқовимат бо идеологияи террористӣ ва экстремистӣ» баромад намуд.
Дар рафти гузаронидани семинар аз ҷониби кормандони оперативӣ ба омӯзгорон вобаста ба мавзӯҳои баромад кардаашон саволҳо дода шуд, ки дар якҷоягӣ муҳокима карда шуда, кормандони оперативӣ аз ҷавобҳои омӯзгорон қаноатманд гардиданд.
Самиев Н.М., сардори факултети №6 Академияи ВКД ҶумҳурииТоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия