Сафари аъзоёни “Шӯрои ҷавонон”-и Академия ва ҷавонони гурӯҳи Авангард ба минтақаи Рашт
Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад.
Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон мавқеи муҳим дорад.
Ташрифи ҷавонон ба манотиқи гуногуни кишвар, вохӯриву робитаи онҳо бо ҳамсолони хеш ба ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқати байни ҷавонон мусоидат менамояд. Бо ин мақсад бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 4-ум ва 5-уми июли соли 2018 ҷавонони фаъоли кишвар ба минтақа ва ноҳияи Рашт сафарбар гардиданд, ки дар қатори онҳо як зумра курсантони Академияи ВКД бо роҳбарии омӯзгори Академия Саида Сафарова иштирок доштанд. Дар даромадгоҳи ноҳияи Нуробод ҷавонон ва курсантонро ҳамсолони хеш ва роҳбарияти ноҳия бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд. Сараввал ҷавонон дидан намуданд аз Хоҷагии ёрирасони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт.
Инчунин, дар доираи сафар ҷавонон ва курсантон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин минтақаи сайёҳӣ дидан намуданд. Баъдан дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт барои баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҷавонон чорабинии идона, маҳфили адабии шеъру суруд бо номи маҳфили «Ҳамешабаҳор» бо роҳбарии шоири ширинкалом, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрандаш ва сарояндагони наврасу ҷавони умедбахш баргузор гардид. Дар маҳфили фарҳангии мазкур беш аз 400 нафар устодону хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳои минтақаи Рашт фаъолона иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ роҳбари маркази Матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ сухаронӣ намуданда аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба аҳли фарҳангу адаби минтақаи Рашт барои дар замири ҷавонон бедор сохтани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Баъдан маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор»-ро шоир Хайрандаш оғоз намуд. Маҳфили мазкур, ки аз ҳафт равзана (Афрӯза, Афроза, Афшина, Афшона, Андеша, Ангора ва Ангеза) иборат буд, хонандагону донишҷӯён тавонистанд фаъолона иштирок варзида ба Ифтихорномаи фахрии ВКД ва инчунин туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гарданд.
Иштирокчиён аз ин сафар ва баргузор гардидани чунин як маҳфили ҷаззобу хотирмон ба худ таассуроти нек бардошта, зикр карданд, ки баргузории чунин маҳфилҳои адабӣ барои баланд бардоштани фарҳангу маърифат ва ҳуввияти миллии насли наврасу ҷавон манфиатбахш мебошад.
Нуруллозода Меҳрулло, Сафарова Саида, Мардонов Сафармуҳаммад, омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон