Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи ВКД бо маҳсулоти худӣ таъмин мегардад

313

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ маъракаи ҳосилғундории картошка аз заминҳои корами назди бинои ин ниҳод сурат гирифт. Дар ин ҳашари дастаҷамъона сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва кормандони ин таълимгоҳ бо дили гарму нияти нек саҳмгузорӣ намуданд.

314

Тавре дар суҳбат бо мо муовини сардори Академияи ВКД оид ба таъминот полковники милитсия Раҳимҷон Додарбеков иброз намуд, имсол дар кишти аввали заминҳои корами назди бинои Академия аз 20 сотих замини киштшуда беш аз 6 тоннаву 110 кило картошка ҷамъоварӣ карда шуд.
Ҳамаи маҳсулоти ҷамъовардаи картошка барои таъминоти курсантону шунавандагон бо хӯроки гарму серғизо равона карда мешавад.
Мавсуф дар идомаи суҳбат бо мо қайд намуд, ки нақша доранд бо анҷом додани картошкағундорӣ, дар ин заминҳо такроран маҳсулотҳои полезӣ ба мисли карам, турбу шалғам, боимҷон, помидор, лаблабуи қанд ва дигар зироатҳо шинонанд.
У. Олим,
Ш. Убайдуллоев

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...