Баргузор намудани семинари илмии сайёр
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22-юми декабри соли 2017 баён намуданд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим буда, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.
Вобаста ба ин, рӯзи 24-уми июни соли 2018 семинари илмӣ-сайёрии «Ҳуқуқи инсон: пайдоиш, мафҳум, таърих ва механизмҳои баамалбарорӣ» бо иштироки омӯзгорони Академияи ВКД, ҳамчунин донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ва мактаббачагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи рақамҳои 54 ва 87-и шаҳри Душанбе дар боғи Ғалабаи пойтахт баргузор гардид.
Семинар аз 4 қисм иборат буда, дар он аз пайдоиши мафҳуми «ҳуқуқи инсон», таърихи ташаккулёбӣ, ҳамчунин, механизмҳои баамалбарории он дар замонаи ҳозира сардори шӯъбаи илми Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Тошев А.М. ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Хайров Ф.М. маълумот пешниҳод намуданд.
Дар қисми 4-уми семинар аудиторияи семинар ба ду гурӯҳ тақсим шуда, яке аз онҳо оид ба таърих ва мафҳуми ҳуқуқи инсон, дуюм гурӯҳ оид ба механизмҳои баамалбарории он дар замонаи имрӯза презентатсияҳои худро пешниҳод намуданд.
Семинар дар сатҳи баланд ва шавқовар баргузор гардида, дар охир ба иштирокчиён сертификатҳо супорида шуд.
Убайдуллозода Ф.А.