Маросими хатми курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кормандони милитсия, пеш аз ҳама, бояд интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси нерӯмандӣ, ватандӯстӣ дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд. Э.Раҳмон.
Боиси ифтихор аст, ки имсол маросими дипломсупорӣ дар Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ба фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад.
Санаи 23-юми июни соли 2018 маросими дипломсупорӣ ба шогирдон, яъне ба мутахассисони ҷавони соҳибкасб дар Факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода М.Б., сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., собиқадорон, Васоити ахбори омма, волидайну пайвандони хаткунандагон, роҳбарият ва ҳайати шахсии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар ҷамъомад муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Саидзода М.Б. таъкид намуд, ки таҷлили маросими хатми курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даврони созандагии давлатдории миллии тоҷикон рост омада, мардуми шарафманди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар муҳимтарин дастоварди миллии хеш – 21-умин солгарди Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд.
Зимнан қайд гардид, ки 21 сол муқаддам маҳз тавассути дастёб гардидан ба Ваҳдати комили ҷомеа, ки бо пайкор ва ҷоннисориҳои фарзанди ҷонфидои миллат – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мардуми Тоҷикистон гардидааст, миллати тоҷик аз вартаи парокандагӣ наҷот ёфта, давлати тоҷикон аз хатари нобудӣ раҳо гардид.
Бо чунин мақсад, дар ин лаҳзаҳои идона, хосатан хатмкунандагони арҷманд, омӯзгорону шогирдон ва меҳмонони гиромиқадрро ба ифтихори ин санаи тақдирсози миллат, ки бо рӯзи хатм дар Факултети №4 Академияи ВКД рост омадааст, муовини Вазири корҳои дохилӣ табрик намуда, барои кулли иштирокчиён роҳи сафед, рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ ва садоқату самимиятро орзу намуд.
Маҳз бо туфайли ғамхориҳои Сарвари давлат аз Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 103 нафар хатмкунандагоне, ки имтиҳонҳои давлатиро бомуваффақият супориданд, соҳиби дипломи олӣ гардиданд, бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ, нерӯи ҷавонии худро ба ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан равона сохта, баҳри таҳкими сулҳу субот, ҳифзи амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ саҳмгузор ҳастанд, гусел карда шуданд.
Собиқадори меҳнат Раҳматов Шокирҷон зимни баромади хеш қайд кард, ки хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ин вазифаи пуршараф буда, тоқат ва истодагариро талаб менамояд. Ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама худи корманди мақомоти корҳои дохилӣ бояд ба қонунҳои амалкунанда эҳтиром дошта бошад, нисбат ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон беэътиноӣ накунад, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқиро меъёрии зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор дода, дигаронро низ ба ин амалҳои нек раҳнамун созад.
Хатмкунанда, лейтенанти милитсия Дадоҷонов Манучеҳр дар баромади худ иброз намуд, ки мо хатмкунандагони Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тӯли таҳсили худ дар ин даргоҳ аз устодони азизамон дониш, таълиму тарбия, риоя ва посдории волоияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯхтем ва бо боварии комил гуфтанием, ки дар оянда барои Ватану миллати худ хизмат менамоем.
Дадоҷонов Манучеҳр аз номи худ ва кулли ҳамсабақонаш ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва устодон арзу сипоси худро расонид.
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия