ТАБРИКНОМА
Мутобиқи банди 116 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016 таҳти №505, дар асоси қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри 2017 таҳти №6/3 ва фармоиши Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2017 таҳти №85 ба сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич унвони илмии ДОТСЕНТ аз рӯйи ихтисоси “Ҳуқуқшиносӣ” дода шудааст.
Роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати гирифтани унвони илмиашон бо самимияти саршор таҳният гуфта, саодати рӯзафзуни рӯзгор, осудагӣ ва дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъдаи онҳо комёбиҳои беназир таманно доранд.
Чунин баҳои баланд сад дар сад ба ҷомеаи бузург ва тавонои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам тааллуқманд буда, боварии комил дорем, ки мутахассисони боргоҳи маърифати мо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро баробари қадршиносӣ, ҳамзамон ба ҳайси рисолати аввалиндараҷа ва уҳдадориҳои таъхирнопазири ояндаи хештан низ қабул ва пазироӣ менамоянд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон