Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ - пояи устувори миллат

300

Дар толори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми июни соли 2018 бо ташабуси кафедраҳои фанҳои ҷамъиятӣ, фанҳои маъмурӣ ва забонҳо бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ ва бадеии ҷумҳуриявӣ зери унвони «Ваҳдати миллӣ - пояи устувори миллат» баргузор гардид.

301302

Кори конференсияро муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. кушода, дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Сипас, Раиси собиқадорони ВКД генерал-майори милитсия Ҷурахонзода С.Қ. дар бораи ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон маърӯза кард. Ҳамчунин дар кори конференсия шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва ҳунарманди шоиста Файзалӣ Ҳасан ширкат доштанд.
Дар васфи Ваҳдати миллӣ шеъру сурудҳо бо маҳорати баланд иҷро гардиданд. Махсусан ба ҳозирин суруди Пешвои миллат бар матни Ниҳонӣ писанд омада, бо қарсакҳои пурмавҷ истиқбол гардид.

303

Шоир Муҳаммад Ғоиб ба Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академия барои баргузории конфересияи сатҳи ҷумхуриявӣ изҳори минатдорӣ намуда, қайд кард, ки бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои тинҷу осоишта кору пайкор менамоем.
Дар кори конференсия омӯзгорону курсантон бо музокираҳо баромад намуданд.
Конфересияро муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. ҷамбаст намуда, ба ҳозирин ҷиҳати иштироки фаъолона изҳори минатдорӣ кард.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш,Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...