Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки курсантон дар Форуми афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ

297

Рӯзи 18 июни соли 2018 дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” чорабинии фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Форуми афсарон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ” аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ, ҳамзамон таблиғу ташвиқи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни кормандони сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ иштирок намуда ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

298
Дар ҷараёни чорабинӣ санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳунару истеъдоди худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд. Албатта баргузор намудани чунин чорабиниҳо баҳри ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ, ҳамзамон таблиғу ташвиқи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нақши муассир дошта бошад.
Нуруллозода Меҳрулло, омӯзгори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...