Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешсафии курсантони Академияи ВКД дар озмуни “Санъати сухан”

295

Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати калон медиҳад. Бо дарки ин нуқтаҳо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул ёфтани нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадори ҷомеа меафзояд.

296
Дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 22-23-юми майи соли 2018 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ровиёни ҷавон таҳти унвони «Санъати сухан» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур зиёда аз 150 нафар ровиёни ҷавон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии касбӣ ва олии ҳудуди пойтахт иштирок намуданд. Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 2 нафар курсантон Ҳабибов Ҳокимҷон ва Раҷабалиев Абдулҳаким намояндагӣ намуданд, ки аз худ ин курсантон маҳорату малакаи баланди суханварӣ нишон дода, дар озмун ғолибият ба даст оварданд ва санаи 11-уми июни соли 2018 дар маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии ровиёни ҷавон таҳти унвони “Санъати сухан”, ки дар Муассисаи давлатии «Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон» ба номи М.Қосимов сурат гирифт аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Нуруллозода Меҳрулло, Мардонов Сафармуҳаммад, омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...