Анҷоми марҳилаи сеюми курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос дар Академияи ВКД
Аз рӯзи 4-ум то 16-уми июни соли 2018 дар факултети№3-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ҷалб карда шуданд.
Санаи 18-уми июни соли 2018 бо иштироки муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. маросими хатми марҳилаи сеюми курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ба анҷом расид.
Ҳайати профессорон ва омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш намуданд, ки баҳри сайқал додани савияи дониши назариявӣ ва амалии кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ саҳми худро гузоранд.
Ҳалимзода Д.Д.
Сафаров О.