Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатм дар Академияи ВКД

291

Дар маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 18-уми июн дар саҳни ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доир гардид, оид ба дастгириву зоҳир намудани ғамхорӣ нисбати ҷавонон, таваҷҷуҳи роҳбарияти ВКД ва Академияи он ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои ба талаботи замон мутобиқ, фароҳам овардани шароити мусоиди илмомӯзӣ барои шунавандагону курсантҳо ва дар ин замина бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон ибрози назар карда шуд.

232

Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону шунавандагону курсантони Академия ва волидони онҳо баргузор гардид, чанде аз ҷавонони хуштолеъ, факултетҳои рақамҳои 1, 2 ва 5-и ин даргоҳи илмро дар самти идоракунии давлатии маҳаллӣ, ихтисосҳои «Ҳуқуқшиносӣ» ва «Оташнишонӣ» хатм намуда, соҳиби диплом ва рутбаҳо гардиданд. 
Тавре Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ин маросим изҳор намуд, «мо, ки дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ба ин муносибат шумо - хатмкунандагони азиз, инчунин тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро бо ин санаи тақдирсоз самимона табрик менамоям. Умедворем, ки ҳамагон зери парчами Ваҳдати миллӣ муттаҳид гардида, барои шукуфоӣ, рушду тараққиёт, сабзу хуррам гардонидани сарзамини аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва пойдории давлату миллати куҳанбунёдамон камари ҳиммат баста, сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мениҳем».

Вазири корҳои дохилӣ дар тақвияти суханонаш афзуд, ки Академияи Вазорати корҳои дохилӣ низ зодаи даврони Истиқлолият ва ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон буда, тавонистааст дар муддати на чандон тӯлонии фаъолият ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

«Мисоли равшани он шумо - хатмкунандагони муҳтарам мебошед, ки имрӯз ҳамчун мутахассисони баркамол барои таъмини амнияту суботи кишвар ва умуман, хизмат ба миллату давлати хеш саф кашидаед. Вале набояд фаромӯш кард, ки оғоз аз ин лаҳзаҳои идона ва хотирмон, давлату миллат дар назди шумо масъулияти бештареро аз ҷумлаи таъмини амнияту суботи комили ҷомеа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир мегузорад. Албатта, бо боварии комил метавон гуфт, ки бо донишу маърифат ва ҷаҳонбии андӯхта аз омӯзгорону роҳбарони хеш, аз уҳдаи чунин масъулият низ сарбаландона баромада метавонед», - афзуд Вазир.

233234235237

Дар идомаи маросими хатми шунавандагону курсантон, ҳамчунин қайд карда шуд, ки роҳбарияти Ҳукумати кишвар, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити илмомӯзии насли ҷавон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳамин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат Академияи Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби чунин бинои муҳташами таълимӣ гардид, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест. 
Тавре қайд карда шуд, Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати кадрии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳое, ки тоза Академияро хатм кардаанд, ҳамаҷониба талош менамояд. Ҳамин аст, ки ҳамаи онҳое, ки ин муассисаи олии тахассусиро хатм кардаву имрӯз соҳиби диплом шуданд, бо ҷойи кор таъмин мегарданд. 
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ низ дар навбати худ изҳор намуд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки ҳамчун муассисаи олии таълимӣ масъули тайёр намудани кадрҳои ҷавон ва болаёқати ин мақомот аст, хеле бузург мебошад. Далели ин гуфтаҳо таваҷҷуҳи доимӣ ва ташрифҳои пайвастаи Пешвои миллат ба Вазорати корҳои дохилӣ ва бунёди сохтмони Академияи наву замонавии ҷавобгӯ ба талаботи муосири таълим буда метавонанд.

238

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ аз номи хатмкунандагон лейтенанти милитсия Фарангис Одинаева баромад карда, зикр намуд, ки дар ҷавоб ба он ҳама дастгириву ғамхориҳое, ки тайи солҳои таҳсил дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дидаанд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба Савганди хеш содиқ монда, баҳри ободиву шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ҷаҳду талош намоянд.
Ҳамчун рамзи эҳтиром ба мақомоти корҳои дохилӣ ва Академияи он, аз тарафи хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ барои Осорхонаи ВКД туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.
Барномаи ҳунарӣ дар иҷрои санъаткорони шинохта хотимабахши ин чорабинии тантанавӣ буд. 
Умед ОЧИЛОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...