Рушди ҳамкориҳои судманди Академияи ВКД бо Сафорати ИМА
Рӯзи 12-уми июни соли 2018 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шуъба оид ба назорат аз болои воситаҳои нашъадор ва таъмини бехатарии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон насби таҷҳизоти (симуляторҳои) тамрини тирпарронӣ ботантана ба истифода супорида шуд.
Аз тарафи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар чорабинӣ иштирок намуданд:
- ҷаноби Кевин Коверт – вакили муваққатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон,
- ҷаноби Кристофер Грин – роҳбари Шуъбаи назорат аз болои воситаҳои нашъадор ва таъмини бехатарии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон,
- ҷаноби Ҷон Дадли – мушовири калон оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии Шуъбаи назорат аз болои воситаҳои нашъадор ва таъмини бехатарӣ,
- хонум Нигора Сафарова – менеҷери барномаҳои Шуъбаи назорат аз болои воситаҳои нашъадор ва таъмини бехатарӣ.
Аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД меҳмононро пешвоз намуданд:
- муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал майори милитсия Навҷувонов А.Ш.,
- сардори Академияи ВКД генерал-майор милитсия Шарифзода Ф.Р.,
- сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода З.Т.,
Зимни суханронӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш. аз номи роҳбарияти ВКД оид ба муносибатҳои босуръати рушдёбанда, боз ҳам фаъол гардидани он дар оянда ва таҳкими робитаҳои зич байни ВКД ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки бо назардошти чораҳои беҳтар намудани раванди таълим ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, кормандони Академияи ВКД дар ин раванд қадамҳои устувор монда истодаанд. Инчунин, сипосгузор аз ҳамкорӣ буда, роҳбарияти ВКД ва Академия умедвор мебошад, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахш устувор хоҳад шуд.
Ҷаноби Кевин Коверт барои пазироии гарм арзи сипос намуда, қайд кард, ки супоридани насби таҷҳизоти (симуляторҳои) тамрини тирпарронӣ – ин саҳм барои мустаҳкам намудани ҳамкории дуҷониба мебошад. Ҷаноби К.Коверт қайд намуд, ки мақсади асосии истифодабарии чунин таҷҳизот – ин ёрӣ расондан дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос мебошад, ки дар оянда дар таъмин намудани бехатарии ҷамиъиятӣ саҳми худро мегузоранд.
Дар хотимаи вохӯрӣ аз номи роҳбарияти ВКД ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шудаанд.
Каримова Л.М., Убайдуллоев Ш.Э., Сафаров О.