Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои намоишномаи «Аз мост, ки бар мост»

288

Рӯзҳои 7-8-уми июни соли ҷорӣ мувофиқи нақшаи Шӯрои кураторони факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии бевоситаи сардори факултети мазкур н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. ва кураторони бахшҳо бо курсантони бахшҳои 1, 2, 3 ва 4-ум тамошои намоишномаи театрикунонидашуда таҳти унвони «Аз мост, ки бар мост» дар театри давлатӣ ва мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О.Назаров-и ш.Хуҷанд ташкил карда шуд.

289

Мавриди қайд аст, ки чорабинӣ бо мақсади донистани муқаддасоти миллӣ, таъриху фарҳанги кишвар, рамзҳои давлатӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳиссӣ худшиносиву худогоҳӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маданияти муошират ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 баён доштанд ва баҳри иҷроиши дастур ва супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. роҳандозӣ гардид.

287
Намоишномаи мазкур ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бемории сирояткунандаи норасоии масъунияти бадани одам (ВИЧ/ СПИД), истеъмоли машруботи спиртӣ, кашидани тамоку ва оқибатҳое, ки ҷавонон ба ҷони худ суиқасд менамоянд, намоиш дода шуд.
Намоиш ва ороиши саҳна аз тарафи кормандони театри давлатӣ ва мусиқии тамошобини ҷавон хеле диққатҷалбкунанда буд. Чунки дар раванди намоиш ҳамаи воситаҳои аёният доир ба мавзӯи тарбияи насли наврас хуб ба роҳ монда шуда буд. Ин намоишнома барои курсантон, ки дар оянда ҳамчун кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мебаранд ва дар кори ҳамарӯзаи худ ба чунин ҳодисаҳо дучор мегарданд, хеле таъсирбахш буд.
Собиров И., раиси Шӯрои кураторони факултети №4, полковники милитсия,
Алимова Ҳ.А., куратори гурӯҳи 402, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...