Рафти имтиҳонҳои давлатӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ
Факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ» ва тахассуси «Ҳуқуқшинос», тибқи Фармони Вазорати корҳои дохилӣ таҳти №548 бо замима аз 30 сентябри соли 2002 таъсис ёфтааст. Соли 2003 бинобар сабаби зарурати хизматӣ, тибқи Фармони Вазорати корҳои дохилӣ таҳти №648 бо замима аз 15 ноябри соли 2003 ва Фармони сардори Академияи ВКД таҳти №469 аз 08 декабри соли 2003 ба воҳидҳои штатии Академияи мазкур тағйироту иловаҳо ворид карда шуда дар факултети №2, кормандони факултет дар ҳайати зерин: роҳбарияти факултет – сардор ва муовини сардори факултет, қисми таълимии факултет - омӯзгор-методистӣ калон 2 нафар, омӯзгор-методист 2 нафар ва корманд мутахассис як нафар кору фаъолият доранд.
Дар ҳайати факултети №2 кафедраҳои Фанҳои ҷамъиятӣ, Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, Ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, Мурофиаи ҷиноятӣ, Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, Фанҳои ҳуқуқии гражданӣ, Забонҳо, Тайёрии ҳарбӣ ва омодагии ҷисмонӣ, Китобхонаҳои умумӣ ва махсус, Китобхонаи электронӣ, Синфхонаҳои компютерӣ, Марказии нтернетӣ ва 5-Курсҳои воҳиди таълимӣ-низомӣ фаъолият менамоянд. Бо ифтитоҳи бинои нави Академия заминаи моддӣ-техникии факултети №2 мустаҳкам гардид.
Самти асосии фаъолияти кории факултети №2 дар мадди аввал тайёр намудани мутаххасисони баландихтисос, соҳибмаърифат ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир барои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Баъд аз гузашти таҷрибаомӯзии бомуваффақият дар Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 181 нафар курсантони факултети №2 ба Академия ворид гашта, аз моҳи майи соли ҷорӣ ба супоридани имтиҳонҳои давлатӣ шурӯъ намуданд.
Раиси комиссияи имтиҳони давлатиро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода М.Б. ба ӯҳда дорад.
Рафти ташкили имтиҳонҳои давлатӣ аз ҷониби муовини Вазири корҳои дохилӣ хуб баҳогузорӣ шуданд.
Айни ҳол марҳилаи хотимавии имтиҳонҳои давлатӣ дар факултети №2 идома дорад.
Асламов Б.С., Шокирзода Т.Г.