Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси намунавӣ бо шунавандагони такмили ихтисос дар Академияи ВКД

273

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷрои саривақтии қарори ҷаласаи кории Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дарси намунавӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти муштараки мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм» гузаронида шуд.

274

Шунавандагон бо таассуроти баланд мазмуни дарси мазкурро қабул намуда, муҳтавои онро барои хониши мустақилона дар дафтарҳои хизматӣ сабт намуданд.
Аламшозода А.А. иброз намуд, ки масоили экстремизм ва терроризм хусусияти глобалӣ дошта, тамоми кишварҳоро фаро гирифтаст. Мо, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд тамоми чораҳоро дар ин самт андешем. Боиси ифтихор аст, ки маҳз бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ чунин курсҳои муҳим гузаронида шуда, ба шунавандагон имкон медиҳанд, ки донишу ихтисоси худро такмил диҳанд.
Дар ин радиф, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ шароит фароҳам оварда мешавад, ки «Сратегияи миллии муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар амал татбиқ карда шавад.
Дар хотимаи машғулияти дарсӣ муколамаи озод сурат гирифта, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳалимзода Д.Д., Асламов Б.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...