Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти курсанти Академияи ВКД дар озмуни ҷумҳуриявии ровиёни ҷавон таҳти унвони «Санъати сухан»

271

Дастгирии ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз роҳҳои таҳким бахшидани ояндаи соҳаҳои гуногуни кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин замина ватани азизамон боз ҳам рушду инкишоф хоҳад ёфт.
Бо дарки ин нуқтаҳо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул ёфтани нерӯи зеҳниву ҷисмонии онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадори ҷомеа меафзояд.
Дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 22-23-юми майи соли 2018 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ровиёни ҷавон таҳти унвони «Санъати сухан» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур зиёда аз 150 нафар ровиёни ҷавон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии касбӣ ва олии ҳудуди пойтахт иштирок намуданд. Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 2 нафар курсантон Ҳабибов Ҳокимҷон ва Раҷабалиев Абдулҳаким намояндагӣ намуданд, ки аз худ ин курсантон маҳорату малакаи баланди суханварӣ нишон дода аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифтанд ва ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтанд.

272
Даври ҷумҳуриявии озмун бошад санаи 4-уми июни соли 2018 бо иштироки намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин давр низ курсантони Академияи ВКД фаъолияти баланди суханварии хешро ба ҳозирин ва ҳакамон нишон доданд. Бояд қайд намуд, ки узви ҷамъияти илмии кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулоддаи Академия ва ҳамчунин узви «Шӯрои ҷавонон»-и Академия, сержанти милитсия Ҳабибов Ҳокимҷон дар ин озмун ғолибият ба даст оварда, ҳамчун лаурияти ин озмун эътироф гардид ва аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Нуруллозода Меҳрулло, Мардонов Сафармуҳаммад, омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...