Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зарурати сангшиносӣ барои кормандон

270
Барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон дар курсҳои такмили ихтисос бо дастуру ҳидоятҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва қарорҳои ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ дар назди сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. аз тарафи роҳбарияти факултети №4 дар назди Донишгоҳи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо ҷалби мутахассисон машғулиятҳои амалӣ доир ба масъалаҳои сангҳои қимматбаҳои кишвар бардавом ташкил карда шуда истодааст.
Дирӯз шунавандагони курси такмили ихтисоси самти ваколатдорони оперативии шуъбаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо ҳамроҳии муаллими ҳамкор полковники милитсия Хокироев Азимҷон дар ин донишгоҳ барои баланд бардоштани савияи дониши худ бо мутахассиси варзида, эксперт-сангшинос номзади илмҳои геология ва минералогия Насриддинов Замониддин вохӯрда, дар бораи макони сангҳои қимматбаҳои Тоҷикистон, намуд ва роҳҳои истеҳсол, аҳамияти стратегии он барои кишвар, ҳолатҳои қочоқи сангҳои қимматбаҳо дар дохил ва берун аз марз маълумоти муфассал гирифтанд. Дар охири вохӯрӣ аз осорхонаи сангҳои Тоҷикистон дар ин донишгоҳ дидан карданд. Машғулият хеле шавқовар ва дар фазои тафоҳум гузаронида шуд.
Минбаъд низ ташкили чунин машғулиятҳои амалӣ имконият медиҳанд, ки кормандон бо донишҳои назариявӣ мусаллаҳ шуда, онро дар фаъолияти амалии хеш истифода намоянд.
Абдулатифов У.Ҳ. - сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...