Таъсиси гӯшаҳои қироати адабиёти бадеӣ дар Академияи ВКД
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», эҳёи фарҳанги бостони халқи тоҷик, ҳамчунин иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ дар факултетҳои №2 ва №5 Академияи ВКД гӯшаҳои қироати адабиёти бадеӣ ифтитоҳ гардиданд.
Бо иқдоми сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. гурӯҳи назоратӣ аз ҷониби омӯзгорон таъсис дода шуд, ки пайваста дониши курсантонро аз рӯи қироати асарҳои бадеӣ санҷида, ба онҳо баҳогузорӣ менамояд.
Дар расми ифтитоҳи он сардорони воҳидҳои таълимӣ-низомӣ полковники милитсия Холзода С. ва подполковники милитсия Исмоилов У. ва курсантони факултетҳои №2 ва №5 Академияи ВКД ширкат варзиданд.
Дар гӯшаи китобҳо осори бузургони адибони форсу тоҷик ва адабиёти ҷаҳонӣ гирд оварда шуданд, ки аз онҳо курсантон баъди дарсҳои асосӣ ба таври васеъ истифода бурда, сатҳи фарҳангии хешро баланд мебардоранд. Ин имкон медиҳад, ки курсантон на танҳо завқи эстетикии хешро баланд мебардоранд, балки ҷаҳонбинии худро бой намуда, ба осонӣ маводи таълимии фанҳои гуногунро аз худ менамоянд.
Раванди омӯзиши асарҳои бадеӣ аз ҷониби курсантону омӯзгорон доимӣ буда, ҳангоми дар таътил қарор доштани онҳо низ идома хоҳад ёфт.
Асламов Б.С., Сафаров О.Ҳ.