Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шанбегӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

266

Мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷаласаи оперативӣ-хизматии назди Вазири корҳои дохилӣ, бинобар эълон намудани рӯзҳои шанбе – «Рӯзҳои экология» ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 2-юми июни соли 2018 дастаҷамъона маъракаи шанбегӣ ташкил намуда, барои тозаю озода намудани гирду атрофии бинои Академия, рангу бори роҳравҳо, синфхонаҳо, кабудизоркунӣ ва шинондани гӯлу буттаҳои ороишӣ ҷалб карда шуданд.

267

Инчунин, бо роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Ҳалимзода А.Ҳ. бо як гурӯҳ омӯзгорон ва курсантони курси чоруми факултети № 2, аз ҷумла, 50-нафар курсант гирду атрофии минтақаҳои гуногуни шаҳри Душанбе, аз ҷумла,  аз бинои Суди Олӣ то кӯчаи Абая, оромгоҳи маҳаллаи Сариосиё, кӯчаи Сомонӣ то кӯчаи Карамов, соҳили дарёи Лучоб ва Боғи Ҷавонон то оромгоҳи гардичи Лучобро тоза намуданд.

Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...