Иштироки мутахассисони Академияи ВКД дар конференсияи байналмилалии мустақим
Рӯзи 31 майи соли 2018, мутахассисони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии мустақим (он-лайн) таҳти унвони «Масъалаҳои татбиқ намудани қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятӣ: роҳҳои ҳал намудани онҳо», ки ташкилкунандаи он Академияи ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Нижний Новгород мебошад, иштирок намуданд.
Дар конференсияи мазкур ҳамчунин, муассисаҳои олии таълимии системаи ВКД Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.
Академияи ВКД Тоҷикистонро сардори адъюнктура, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Юлдошев Р.Р. ва сардори факултети № 6, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Самиев Н.М. муаррифӣ намуда, дар мавзӯҳҳои «Масъалаҳои татбиқ намудани қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Муқобилият ба тафтишот оид ба ҷиноятҳои ошкорнашудаи солҳои пеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Дар рафти конференсия масъалаҳои гуногуни ба амалбарории қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои амалӣ намудани қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятӣ баррасӣ шуданд.
Каримова Л.М.
подполковники милитсия