ВОХӮРИҲОИ НАВБАТИИ АЪЗОЁНИ “ШӮРОИ ҶАВОНОН”-И АКАДЕМИЯИ ВКД БО ХОНАНДАГОН ВА ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ПОЙТАХТ
Таълиму тарбияи насли наврас, мақсаду мароми асосии сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ба шумор рафта, рушди ояндаи ҷомеаро бе тарбияи дурусти он душвор мегардонад. Барои амалишавии ин мақсад дар назди давлат ва ҷомеа як қатор уҳдадориҳо гузошта шуда, давлату ҳукумат баҳри расидан ба ин ҳадафи муҳим ҷидду ҷаҳд менамоянд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муҳимияти масъалаи мазкурро бозгӯ намуда, масъулияти волидайнро дар муваффақ гаштан ба тарбияи дурусти фарзандон бештар месозад. Падару модаронро мебояд масъулияти бардӯш доштаашонро эҳсос намоянд ва нагузоранд, ки фарзандони онҳо ба амалу кирдорҳои ношоиста даст зананд.
Яке аз сохторҳои муҳими қудратии мамлакат Вазорати корҳои дохилӣ мебошад, ки фаъолияти ҳамарӯзаи он бевосита бо шаҳрвандон сурат гирифта, барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷамъият, ҳимояи манфиатҳои онҳо тадбирандешӣ менамояд.
Дар асоси Нақша-чорабиниҳои тасдиқ намудаи Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе вохӯриҳои навбатии Аъзоёни “Шӯрои ҷавонон”-и Академия бо хонандагон ва омӯзгорон баргузор гардид.
Дар вохӯриҳо намояндагони Академияи ВКД, ҷавонони фаъоли “Шӯрои ҷавонон”-и Академия, аҳли ҷамоатчигӣ, хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳо иштирок намуданд.
Мақсади асосии ин вохӯриҳо пеш аз ҳама пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои ғайриқонунии динӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои номатлуби иҷтимоии наврасон ва ҷавонон мебошад.
Дар оғози ҳар як вохӯриҳо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ доир ба арзишмандии фаъолияти шабонарӯзии курсантони Академия дар таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар гашта, иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилиро боиси дастгирӣ хонданд ва баён доштанд, ки маҳаки асосии мулоқоти имрӯза ин тарбия ва ба амалҳои шоиста ҳидоят намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Инчунин дар вохӯриҳои мазкур сардори факултети №3 Академияи ВКД майори милитсия Амриддинзода М.А., зимни суханронӣ сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар қонуншиканиҳоро, ки аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе содир гардидааст, шарҳ дода, сабаб ва омилҳои онро баён намуд. Номбурда афзуд, ки робитаву ҳамкории волидайни хонандагон бо мақомоти милитсия имрӯз бештар ба назар мерасад. Маҳз чунин робитаву наздик будан ба аҳолӣ метавонад пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканиро бигирад.
Дар чорабинӣ таваҷҷуҳи махсус ба таълиму тарбияи хонандагон равона гардида, зикр гардид, ки вазифаи мову шумо аз он иборат аст, ки дар якҷоягӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифродгаро ва даст задани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи содиршавии амалҳои номатлубро бигирем.
Таълиму тарбия, пеш аз ҳама, аз оила оғоз меёбад ва муҳимияти ин масъала дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба таври намоён дарҷ гардидааст. Ин матлабро Раиси “Шӯрои ҷавонон”-и Академия Сафармуҳаммад Мардонов зимни вохӯрӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баён дошт.
Номбурда мисолҳои дақиқ аз шомил гардидани баъзе ҷавонон ба чунин равияҳо оварда, зикр кард ки ҳаракату равияҳои эктремистиву террористӣ ҳеҷ умумияте бо дин надоранд.
Дар вохӯриҳо, инчунин аз Аъзоёни "Шӯрои ҷавонон"-и Академияи ВКД Ҳокимҷон Ҳабибов, Шаҳбоз Латипов, Толибҷон Саидов, Фирдавс Холов, Абдулҳаким Раҷабалиев, Абумуслим Бобоев, Ҷамшедзода Ҷаҳонгир ва дигарон роҷеъ ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терроризму экстремизм, амалишавии қонунҳо ва дигар масъалаҳо ибрози назар карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ва вохӯриҳо аз ҷониби ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми нерӯи хешро барои ободии марзу буми аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона созанд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин чорабиниҳои мақсаднок пайваста дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, аъзоёни “Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД мунтазам сӯҳбату вохӯриҳои судмандро бо хонандагон доир менамоянд.
Сафамуҳаммад МАРДОНОВ
Раиси “Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД, инчунин омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалогия ва психалогия, лейтенанти калони милитсия
Ҳокимҷон ҲАБИБОВ
Узви ҷамъияти илмии курсантони “Наҷотдиҳандагон”-и кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда