Семинари таълимӣ-методии мустақим
Мутобиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Ростов лаби Дон, ки дар соли 2017 ба исмзо расида буд, 30 майи соли ҷорӣ семинари таълимӣ-методӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои ба амалбарории усулҳои амалӣ-ҷараёнӣ дар рафти азхудкунии барномаи асосии таълимии касбӣ» дар режими мустақим(он-лайн) гузаронида шуд.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Ростов лаби Дон оид ба таълим, номзади илмҳои таърих, дотсент Андрей Иванович Митин ва сардори ШТИ ваТН Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Амиршо Мансурович Тошев оғоз намуданд.
Дар семинари мустақим мутахассисон ва олимони Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Федератсияи Россия дар ш.Ростов лаби Дон, дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники политсия Попандопуло Д.В., дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминологӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники политсия Брюхнов А.А., профессори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ, доктори илмҳои фалсафа, дотсент, полковники политсия Лубский Р.А., омӯзгори калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники политсия Денисенко Е.В. бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Аз номи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кори семинар сардори кафедраи забонҳо, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Давлатшоева А.Ш., бо маърӯза оид ба «Мазмуни амалӣ-ҷараёнии таълимоти касбӣ дар муассисаҳои системаи ВКД (дар мисоли Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон), муовини сардори факултети № 2, полковники милитсия Асламов Б.С., дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами педагогикаи муосир ва тарбияи ватандустӣ дар муассисаҳои таълимии олӣ (дар мисоли муассисаҳои таълимии олии системаи ВКД) баромад намуданд.
Дар семинар ҳамчунин сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия А.Л.Арипов, омӯзгори калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ф.М. Хайров иштирок карданд.
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи олимони Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Федератсияи Россия дар ш.Ростов лаби Дон, ҳамчунин, мутахассисони Академияи ВКД ба маърӯзачиён оид ба хусусиятҳои раванди таълимии муассисаҳои системаи ВКД, инчунин, дигар саволҳо вобаста ба ҷараёни таълимӣ пешниҳод гардиданд.
Каримова Л.М.
подполковники милитсия