Ҷаҳонишавӣ ва инкишофи илми криминалистика
Бомуваффақият мубориза бурдан бар зидди ҷинояткорӣ, ба таври лозимӣ тафтиш кардани ҳар як ҷиноят ҳамон вақт муяссар мегардад, ки агар шахсони ба ҳамин кор масъул, дорои донишҳои тахассусӣ ва малакаю маҳорати касбӣ бошанд. Дониши комил ва малакаи зарурии тахассусӣ дар асоси омӯзиши маҷмӯи донишҳои илмӣ, таҷрибаи ошкор ва тафтиши ҷиноят ташаккул меёбад.
Дар байни илмҳое, ки дар ташаккули тайёрии тахассусии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойи намоёнро ишғол менамояд, илми криминалистика мебошад. Криминалистика ҳамчун илме, ки ба мақомоти таҳқиқ, тафтишот, муассисаҳои экспертӣ ва суд оид ба муқаррар кардани ҳақиқати воқеӣ дар мурофиаи судӣ – ҷиноятӣ, таъмини адолати судӣ ва пешгирии ҷиноят кӯмаки амалӣ мерасонад, пайдо гардида, инкишоф ёфта истодааст.
Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд, ки зери роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П. А. фаъолият мекунад, ба масъалаи таҳсили илми криминалистика дар байни курсантон таваҷҷӯҳи махсус дода шуда, дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати мамалакат, роҳбарияти ВКД, дастурамалҳои Академия, Нақшаҳои таълимӣ, ин муассисаи Олии таълимӣ фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Барои боз ҳам сайқал додани донишу малакаи курсантони факултети №4 Академия, бо дастгирӣ ва ташаббуси Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, роҳбарият ва устодони Академияи мазкур, синфхонаи махсуси криминалистӣ бо тамоми таҷҳизотҳо ва айёниятҳои криминалистӣ муҷҷаҳаз гардонида, ба истифода дода шуд.
Зимни шиносоии курсантон аз синфхонаи махсуси криминалистӣ, сардори шӯъбачаи махсуси ташхиси криминалистии РВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Саидзода Ф., дар бораи «Ҷомадони криминалист» суханронӣ намуда, оид ба истифодабарии он дар ҷои ҳодиса – яъне дар амалия, ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.
Муаллими кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ,
лейтенанти милитсия
Хайруллозода Л.М.