Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳидоят ба садоқатмандӣ

Бо мақсади дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва қарорҳои ҷаласаи хизматии назди сардори Академияи ВКД дар робита бо шуъбаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд, машғулияти назариявии шунавандагони курси такмили ихтисос, дар бинои ин шуъба доир карда шуд.
Машғулияти назариявиро сардори шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар ин вилоят полковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон оғоз намуда, оид ба мавзӯи «Муаммоҳои корӣ ва кофтукови маводи мухаддир» маърӯза намуд.
Зимни суханронӣ мавсуф аз таҷрибаи корӣ дар ин самт ва фаъолияти хизматиаш суханронӣ намуда, ба кормандони ҷавони ин бахш маслиҳатҳои методӣ дод.
Дар идомаи суханронӣ Раҳмонзода М., кормандони ҷавони милитсияро ба хизмати содиқонаю софдилона даъват намуда, дар роҳи мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ далерию ҷасорат ва нангу ори миллиро таманно кард.
Дар ҷараёни машғулият ба кормандони ҷавони милитсия бо мақсади омӯзиши ҳаматарафаи самти фаъолияти оперативӣ, китоби Вазири корҳои дохилӣ, ҳамчун дастури рӯимизии ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ тавсия дода шуд.
Дар охир шунавандагони курси такмили ихтисос ба мутахассисони соҳа саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Абдулатифов У.Ҳ. - сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...